Ҳафтаи гузашта боздиди волидайн аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз қисмҳои ҳарбии гарнизони Душанбе, вилояти Хатлон, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон баргузор гардида, ҳайати 50 нафараи волидайн аз ҳолу аҳволи фарзандонашон бохабар гардиданд. Волидайни сарбозон аз ҷойи хоб, утоқи фароғативу маишӣ, шустушӯӣ, ошхона ва ғайраҳо боздид ба амал оварда, боварӣ ҳосил намуданд, ки дар ҳақиқат имрӯз қисмҳои ҳарбӣ натанҳо мактаби маҳорату малака балки обу тоби ҷисмонию руҳии ҷавонон гардида шароит барои онҳо ҳаматарафа муҳайё мебошанд.
