Санаи 11 август дар Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхуҷа Асирии шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯи номинатсияҳои адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классики тоҷик, адабиёти муосири тоҷик ва адабиёти ҷаҳон оғоз гардид. Имсол дар даври сеюми Озмуни ҷумҳурияивии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, 1114 нафар аз 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат меварзанд.
