10.06.2026 04:33

Бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти сайёҳӣ ҳайати вилояти Новосибирски Федератсияи Россия ба вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Дар доираи сафари корӣ ҳайати меҳмонон аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангии вилоят боздид намуданд. Маврид ба зикр аст ки имрӯзҳо дар вилояти Суғд инфрасохтори зарури баҳри рушди сайёҳӣ фароҳам гардида, барои ҷалби ҳарчи бештари ҷаҳонгардон тамоми имконот муҳайё мебошад.