Дар вилоят даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” идома дорад. Имсол дар даври сеюми озмуни мазкур 1114 нафар аз рӯи 4 номинатсия: адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик ва адабиёти ҷаҳон донишу маҳорати худро ба ҳайати ҳакамон муаррифи менамоянд.
