Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футзал байни наврасон таҳти унвони “Футбол сарҳад надорад” баргузор шуд. Дар ин чорабинии варзишӣ 15 даста футзалбозони аз 10 то 15 сола аз Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон иштироку маҳоратсанҷӣ карданд. Ин чорабинии варзишӣ бо мақсади рушду оммавияти футзал ва ҷалби кӯдакону наврасон ба ин намуд бо ташаббуси Федератсияи футболи вилоят баргузор карда шуд.
