Дар шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси Федератсияи футболи Тоҷикистон фестивали футбол барои духтарон баргузор шуд. Ин чорабинии варзишӣ бо мақсади рушду оммавияти футбол байни бонуҳо ва дарёфти варзишгарони бомаҳорат роҳандозӣ шуд. Дар фестивали мазкур беш аз 150 нафар духтарони наврас аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд. Ба ҳамаи иштирокчиён аз тарафи Федератсияи футболи кишвар тӯб ва сару либоси варзиши тӯҳфа карда шуд.
