Дар соҳаи маорифи ноҳияи Спитамен омодагиҳо барои соли таҳсили 2025-2026 ба таври зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Айни замон дар ноҳия 33 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 литсей, 4 мактаби хусусӣ ва 12 кӯдакистон амал мекунад. Корҳои таъмири мактабҳо саривақт ва бо сифати баланд анҷом ёфта, мактабҳо барои соли нави хониш омода мебошанд.
