10.06.2026 04:37

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон солҳои охир босуръат рушд карда истодааст. Тоҷикистон дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табии буда, барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони хориҷи ба кишвар иқтидори воқеи дорад.  Тибқи маълумоти оморӣ дар шаш моҳи сипаришудаи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 761,4 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ ворид шудаанд, ки ин нишондод, нисбати ҳамин давраи соли сипаришуда 181 ҳазор нафар ё 31 дарсад бештар мебошад.