Дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи кушоди шаҳрӣ оид ба карате-до ҷундокан доир гардид. Ин чорабинии варзишӣ бо мақсади ҷалби кӯдакону наврасон ва ҷавонон ба ин намуд ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа баргузор карда шуд. Дар мусобиқаи мазкур беш аз 200-нафар варзишгар аз минтақаҳои гуногуни вилоят ва Ҷумҳурии Узбекистон иштироку маҳоратсанҷӣ карданд.
