10.06.2026 04:27

Соли равон бори нахуст дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар қаламрави вилоят олимпиадаи вилоятии “Ахтарони дониш” байни кӯдакон ташкил ва баргузор карда шуд. Олимпиадаи мазкур асосан байни кӯдакони синни томактабӣ ҷараён гирифта, он дар ду марҳила, ноҳиявиву шаҳрӣ ва вилоятӣ гузронида шуд. Даври вилоятии олимпиада дар Муассисаи давлатии «Кӯдакистони президентӣ»-и вилояти Суғд баргузор гардид.