10.06.2026 04:28

Мумфаршу чароғон намудани кӯчаҳо як самти ободкориҳо маҳсуб ёфта, дар деҳоти ноҳияи Зафаробод ба анъана даромадааст. Ин иқдоми хайрхоҳона дар кӯчаи Ҳамзаи ҷамоати шаҳраки Зафаробод ба роҳ монда шуд. Бо ташаббуси сокинони кӯча ва саҳми шахси саховатманд Қурбонова Дилором кӯчаи мазкур пурра асфалтпӯш гардид.