10.06.2026 04:38

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба муайтай баргузор шуд. Дар ин мусобиқа беш аз 200-нафар варзишгар аз минтақаҳои гуногуни кишвар иштирок намуданд. Ин чорабинии варзишӣ бо мақсади дарёфти варзишгарони бомаҳорати аз 14 то 17-солаи кишвар ва сафарбар намудани онҳо ба мусобиқаҳои бонуфузи дарпешистода ташкил ва баргузор карда шуд.