Бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н. Б. Ғафуров ва дастгирии шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия, маркази саломатии деҳоти Ёва аз таъмири куллӣ бароварда шуда, дар симои наву таҷҳизоти замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Бояд тазаккур дод, ки ин маркази саломатӣ ба 32588 нафар аҳолии ҷамоат хизмати тиббӣ расонида, дорои 3 адад хонаи саломатӣ мебошад ва дар маҷмуъ 23-нафар табиб, 36 нафар ҳамшираи тиб ва 9-нафар коркунони хурди тиб ба фаъолият фаро гирифта шудаанд.
