Эҳсонкорӣ аз фазилатҳои хуби халқи тоҷик ба ҳисоб рафта, дар ин радиф амалҳои хайру савоб барои дастгирии ниёзмандон дар ҳамаи давру замон қобили қабул ва дастгирӣ мебошад. Фаъолияти маркази эҳсонкории маҳаллаи “Ваҳдат”-и шаҳри Хуҷанд дар ин самт басо назаррас аст. Марказ соли 2016-таъсис ёфта, ба ҷамъ намудани сару либос ва пойафзоли истифодашуда ва баъдан тақсимоти он байни ниёзмандон оилаҳои серфарзанд, камбизоат ва маъюбон машғул мебошад.
