Дар ноҳияи Зафаробод ҷамъоварии пахта оғоз гардид. Кишоварзони ноҳия соли ҷорӣ дар масоҳати бештар аз 10 ҳазор гектар пахта кишт намуданд. Деҳқонон яке аз сабабҳои саривақт пухта расидани пахтаро аз таъмини хуби оби полезӣ медонанд. Кишоварзон асосан навъи тухмиҳои ба маҳал мутобиқу серҳосилро кишт намуда, бо баланд бардоштани ҳосилнокӣ азм доранд нақшаи истеҳсолиро барзиёд таъмин намоянд.
