10.06.2026 04:38

Ҳукумати мамлакат рушди соҳаи сайёҳиро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии худ мешуморад. Дар ин радиф, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд. Дар нимсолаи аввали соли 2025 аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва боғу гулгаштҳои вилоят зиёда аз 110 ҳазор нафар дидан намуданд, ки аз он беш аз 9 ҳазор нафарро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳад.