Бо мақсади гиромидошти хотираи яке аз мураббиёни пурмасъули футболи вилояти Суғд Илгизар Гизотулин дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи кушоди шаҳрӣ оид ба футбол байни наврасон баргузор шуд. Дар ин мусобиқа 12 даста футболбозони наврас аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд. Ин чорабинии варзишӣ давоми 10 рӯз дар майдончаи мактаби варзишии № 1-и шаҳри Хуҷанд дар сатҳи баланди ташкилӣ ҷараён гирифта, ғолибон муайян ва бо диплому туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
