Омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 аз масъалаҳои муҳим ба шумор рафта, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд тибқи нақша ангишту ҳезум ва дигар маводи зарурии сӯзишворӣ захира карда мешавад. Дар соҳаҳои маорифу тандрустии шаҳри Бӯстон барои фасли сармо омодагии ҳамаҷониба мушоҳида карда мешавад. Дар шахри Бустон 12 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 7 муассисаи таҳсилоти томактабӣ мавҷуд буда, нақшаи захираи ангишт 357 тонна ва нақшаи захираи ҳезум 41 метри кубиро ташкил медиҳад.
