10.06.2026 04:29

Бо мақсади рушди фаъолияти дастаҳои ҳунарӣ, дарёфти чеҳраҳои нави санъаткор, ҷалби ҳарчи бештари мардум ба фарҳангу ҳунар ва баланд бардоштани нақши ансамблу гуруҳҳои эҷодӣ дар шаҳри Хуҷанд фестивал–озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ “Андалеб-2025” баргузор гардид.

Фестивал — озмун барои муаррифии маҳорату истеъдоди ҳунармандону санъаткорон бо мақсади эҳё ва нигаҳдории мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо аз рӯи бахшҳои гуногун баргузор гашт. Дар фестивал-озмун ба ҳунарнамоии аҳли фарҳанги шаҳри Хуҷанд аз тарафи ҳайати ҳакамон 118 хол сазовор дониста шуда, санъаткорон роҳхат ба даври ҷумҳуриявии озмунро ба даст оварданд.