Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилоят аз муассисаҳое мебошад, ки бо дастгоҳи муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, ба мардум дар сатҳи баланд хизмат мерасонад. Бо ибтикор ва дастгириҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мунтазам таҷҳизоти муосир барои муолиҷа ва ҷарроҳӣ дастрас карда мешавад. Мавриди истифода қарор додани дастгоҳи нав имконият фарорҳам овард, ки беморони қалб дар муҳлати хеле кутоҳ ҷарроҳӣ ва муолиҷа карда шаванд.
