10.06.2026 04:37

Бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон мусобиқаи анъанавии футболи хурд байни кормандони ташкилотҳои қарзӣ оғоз гардид. Дар ин мусобиқа 16-даста иштирок доранд, ки дар 4 зергурӯҳ байни ҳам вохӯрӣ намуда, беҳтаринҳо ба даври ниҳоӣ роҳ меёбанд. Ин чорабинии варзишӣ, ки 34-сол инҷониб гузаронида мешавад бо мақсади ҷалби кормандон ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа роҳандозӣ шудааст.