Бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Точикистон дар миқёси вилоят чорабиниҳои мухталиф доир мегарданд. Конфронси илмӣ-назариявие, ки дар толори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баргузор шуд, бо ҷалби ҷавонони фаъол доир гардид. Дар он мавзӯъи “Нақши ҷавонон дар таҳкими дастовардҳои истиқлолият ва бунёди ҷомеаи муосир” матраҳ гардид.
