10.06.2026 04:33

Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1995 мисли дигар сохторҳои низомии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар вазъи ниҳоят вазнину ҳассос, дар заминаи як бригадаи таъиноти махсус таъсис дода шуд. Ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Гвардияи милии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии 051056 ҷамъомади бошукуҳи идона баргузор гашт. Гвардияи миллӣ яке аз воҳидҳои пуриқтидори кишвар ба ҳисоб рафта, давоми се даҳсола арзи ҳастӣ дорад ва саҳми хизматчиёнаш дар таъмини сулҳу субот ва ваҳдату якпорчагии мамлакат басо назаррас мебошад.