Дар маҳаллаи «40-солагии Дилварзин»-и ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ корҳои мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ бо ташаббус ва саҳми бевоситаи сокинон ва соҳибкорон босуръат идома доранд. Ин иқдом аз ҳисси баланди ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва масъулияти шаҳрвандии аҳолӣ дарак медиҳад. Сокинону соҳибкорони ватандӯсти ноҳия иқдом гирифтаанд, ки роҳҳои дохилии маҳалларо пурра мумфарш намоянд.
