Ҳамасола санаи 22- юми сентябр дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат дар китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ маҳфили илмӣ-адабии “Мафҳуми ваҳдат дар ашъори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ” доир гардид.
