10.06.2026 04:33

Соли ҷори дурнамои истеҳсоли пахта дар вилояти Суғд 131300 тоннаро ташкил дода, барои ҷамъоварии саривақту беталафи дури гаронбаҳо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят деҳқононро кӯмаку дастгирӣ менамояд. Чунончи ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳат кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, зерсохторҳои он, ташкилоту муассисаҳои шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон ва Гулистон сарҷамъона ба пахтазор баромада дар ҷамъоварии ҳосил саҳмгузорӣ менамоянд.