Дар вилояти Суғд озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2025” баргузор гардид. Дар он 15 нафар омӯзгорони боистеъдод аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд. Озмун аз рӯи шартҳои баргузории дарсҳои намунавӣ аз рӯи ихтисос, муаррифии таҷрибаи корӣ, таҳлили дарс (худбаҳодиҳӣ), соати тарбиявӣ ва маҷлиси падару модарон, инчунин санҷиши дониши ҳуқуқӣ ва маҳорати кор бо компютер гузаронида шуд. Дар қувваозмоии ниҳоӣ Темиров Хушрӯз-омӯзгори Муассисаи давлатии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Бӯстон, бо холҳои баланд пирӯз гардида, ҷойи аввалро ба даст овард.
