Дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи футбол байни наврасони 15-16 сола барои дарёфти ҷоми яке аз ҳамкорони Федератсияи футболи вилояти Суғд ширкати Аҳмадов баргузор шуд. Дар ин мусобиқа аз шаҳру ноҳияҳои вилоят 8-даста иштироку маҳоратсанҷӣ карданд. Футболбозони дастаи Ҷавонии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ин мусобиқа маҳорати баланд нишон дода ба гирифтани мақоми аввал ва ҷоми мусобиқа мушарраф шуданд.
