10.06.2026 04:30

Рӯзи сеюм аст, ки дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” баргузор шуда истодааст. Он ғолибони марҳилаи ноҳиявии ин озмуни бонуфузро гирд овард. Довталабон барои гирифтани роҳхат ба даври ҷумҳуриявӣ қобилияту истеъдоди худро ба ҳайати ҳакамон пешкаш менамоянд.