Давоми 3-рӯз дар бинои китобхонаи оммавии ба номи Т. Асирии маркази вилоят даври вилоятии Озмуни ҷумхуриявии “Илм фурӯғи маърифат” баргузор гардид, ки дар он 1439 нафар ғолибони даври дуюм аз 18 шаҳру ноҳияҳо барои сазовор гардидан ба даври ҷумҳуриявӣ байни ҳам рақобатсанҷӣ намуданд.
