10.06.2026 04:38

Кишоварзони вилоят дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри аз як замин рӯёнидани ду се ҳосил тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд. Дар кишти такрорӣ асосан зироатҳое парвариш карда мешавад, ки барои ҳосилхезии замин мусоидат менамояд. Аз ҷумла кишти лӯбиёдонагиҳо барои баланд бардоштани ҳосилхезии хок ва беҳтар намудани структураи он аҳамияти ҳамаҷониба дорад.