10.06.2026 04:38

Дар факултети чоруми академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маросими тантанавии қасамёдкунии курсантони соли аввали таҳсил баргузор гардид. Дар ин рӯз зиёда аз 200 нафар курсантон дар вазъияти тантанавӣ барои садоқат ба давлату миллат, хизмати шоиста ба халқу ватан, савганд ёд карданд.