Дастаи “Рахш” ғолиби мусобиқаи анъанавии футболи хурд байни дастаҳои низоми бонкии вилояти Суғд гардид. Дар мусобиқаи анъанавии футболи хурд байни ташкилотҳои қарзии вилояти Суғд имсол 16 даста иштирок намуд. Ин чорабинии варзишӣ ки бахшида ба 34 умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, дар шаҳри Гулистон наздик як моҳ идома ёфт.
