10.06.2026 04:34

Ҷамъоварии пахта дар вилоят бо истифода аз рӯзҳои офтобии фасли тирамоҳ идома дорад. Кишоварзони вилоят санаи 23-уми сентябр зиёда аз 2077 тонна ё ба андозаи 1,6 дарсад пахта ҷамъоварӣ намуданд, аз аввали мавсим пахтаи чидаи заркорон 40-ҳазору 494 тоннаро ташкил медиҳад, ки ин ба 30,8 дарсади нақшаи истеҳсолӣ баробар аст. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки давоми як рӯзи охир дар шаҳру ноҳияҳои пахтакор аз 1 то 2,3 фоиз нақшаи пахтасупорӣ иҷро гардидааст.