10.06.2026 04:28

Бо ташаббуси Федератсияи футболи Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар лоиҳаи “Футбол дар мактабҳо” амалӣ карда мешавад. Лоиҳаи мазкур соли ҷорӣ 130 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро дар бар мегирад. 30 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Суғд низ ба ин лоиҳа шомил гардидаанд.