10.06.2026 04:28

Дар ноҳияи Деваштич мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот доир гардид. Дар ин чорабинии варзишӣ 17-нафар шоҳмотбозони то 18-сола аз Тоҷикистон ва кишварҳои дӯсту ҳамсояи Ӯзбекистону Қазоқистон, Қирғизистон ва Федератсияи Россия иштирок намуда, маҳорату малакаи худро нишон доданд.