Бо мақсади гиромидошти хотираи собиқадори футбол Дадоҷон Ботуров дар маркази вилоят мусобиқаи футбол байни наврасон баргузор гардид. Дар ин чорабинии варзишӣ 8-даста футболбозони наврас аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштироку маҳоратсанҷӣ карданд. Ҷоми ин мусобиқаро футболбозони дастаи академияи футболи Истиқлол ба даст оварданд.
