Сокинони вилояти Суғд ба масъалаи захираи маводи хӯрока барои зимистонгузаронӣ аҳамияти хоса зоҳир намуда, онро ба тарзу намудҳои гуногунӣ консервакунонӣ, хушкунӣ ва амсоли он анҷом медиҳанд. Дар ин радиф истифодаи самараноки қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ аҳамияти калон дорад. Зеро маҳз заминҳо имконияти фаровони захираи маводи хӯрока ва консервашавандаро таъмин месозад.
