10.06.2026 04:37

Дар шаҳри Гулистон ҷаласаи навбатии Конфедератсияи байналхалқии иттифоқҳои касаба дар соҳаи энергетика ташкил ва баргузор карда шуд. Дар ҷараёни ҳамоиш баробари Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони иттифоқҳои касаба аз ҷумҳуриҳои Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия ширкат варзиданд. Конфедератсияи байналхалқии иттифоқҳои касаба дар соҳаи энергетика муттаҳидкунандаи кору фаъолияти зерсохторҳо дар кишварҳо ба ҳисоб рафта, ҳуқуқу манфиатҳои кормандони соҳаро ба таври чашмрас ҳимоя менамояд.