Ғамхорӣ нисбати омӯзгорон, баланд бардоштани мақому манзалати машъалафрӯзони роҳи фардо дар сиёсати давлату Ҳукумат ҷойгоҳи хос дорад. Ҳамин аст, ки ҳар сол якшанбеи аввали моҳи октябр Рӯзи омӯзгорон бо тантана таҷлил мегардад. Дар доираи чорабинии идона ба ифтихори Рӯзи омӯзгорон бо ибтикори Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд ва Раёсати маориф беш аз 150 нафар собиқадорону омӯзгорон ва кормандони соҳа қадрдонӣ шуданд.
