10.06.2026 04:32

Дар ноҳияи Мастчоҳ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо байни наврасон бахшида ба гиромидошти хотири корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоҳаким Умедов баргузор шуд. Дар ин чорабинии варзиши беш аз 250-нафар ҷудочиёни наврас аз ҳамаи минтақаҳои кишвар иштироку маҳоратсанҷӣ карданд. Ғолибону ҷоизадорон бо ҷом, медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.