10.06.2026 04:33

Дар ноҳияи Мастчоҳ бо саҳми сокинон ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ даҳҳо километр роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта мумфарш гардид. Ахиран бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ, саҳми сокинон ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Палдорак роҳи асосии маҳаллаи Гулистон бо дарозии беш аз 1,5 километр мумфарш карда шуд.