Дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи вилоятӣ оид ба футбол байни донишҷӯён оғоз гардид. Дар ин чорабинии варзиши 7 даста дӯстдорони футбол аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят иштирок доранд. Ин мусобиқа бо мақсади ҷалби донишҷӯён ба футбол ва дарёфти бозингарони болаёқат аз байни онҳо баргузор карда мешавад.
