Дар гармхонаҳои сохтори кишоварзии вилоят, ки шумораашон алҳол 541 ададро ташкил медиҳад, кишту истеҳсоли сабзавоти барвақтӣ ба монанди помидору бодаринг, лимӯ ва дигар намуди сабзавоту кабудиҳо ба роҳ монда шудааст. Тибқи маълумоти Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд то ба санаи якуми октябр дар масоҳати 10,7 гектар кишти помидор 5,4 гектар бодаринг, 5,9 гектар дигар намуди зироат гузаронида шуда, дар 2,7 гектар парвариши гул ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин дар масоҳати 13,3 гектари гармхона лимӯпарварӣ роҳандозӣ гардидааст.
