10.06.2026 04:35

Ҳамасола санаи 15-уми октябр дар бисёр кишварҳои ҷаҳон рӯзи “Асои сафед” таҷлил карда мешавад. Асои сафед рамзи шахси нобино ба ҳисоб меравад. Дар толори театри мазҳака-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят, бо ҷалби нафарони қувваи босираашон сусту имконияташон маҳдуд чорабинӣ доир карда шуд.