10.06.2026 04:31

Дар МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” филиали кафедраҳои иқтисодиёти ҷаҳон ва забонҳои хориҷии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таъсис дода шуд. Мақсади тадбири мазкур татбиқи амалии илм бо истеҳсолот, бо ҷои кор таъмин намудани хатмкунандагон, омӯзиши амиқи забони хориҷӣ, муаррифии кишвар дар сатҳи байналмилалӣ, ҳамчунин қабули сайёҳон дониста мешавад.