10.06.2026 04:33

Бахшида ба ҷашни 35 солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод нақшаи чорабиниҳо иборат аз 590 банд ба тасвиб расида, то ба ин дам 574 банди он иҷро карда шудааст. Дар маркази ноҳия бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Маркази хизматрасонӣ бо ҷой додани ҳаммоми замонавӣ ба истифода дода шуд.