10.06.2026 04:29

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Федератсияи футболи кишвар ва дастгирии Федератсияи байналмилалии футбол лоиҳаи “Футбол дар мактабҳо” амалӣ шуд. Имсол лоиҳаи мазкур 130 муассисаи таълимии кишвар, аз ҷумла 30 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Суғдро фаро гирифтааст. Дар доираи ин лоиҳа дар шаҳри Хуҷанд тайи 3 рӯз барои омӯзгорони тарбияи ҷисмонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят семинари омузишӣ баргузор шуд.