Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштингирӣ байни ҷавонон бахшида ба гиромидошти хотири мураббии шоиста Меҳроб Одинаев баргузор шуд. Дар ин чорабинии варзишӣ беш аз 80 нафар гуштингир аз тамоми минтақаҳои кишвар иштироку маҳоратсанҷӣ карданд.
