10.06.2026 04:33

Дар вилояти Суғд навъҳои мухталифи шолӣ кишт ва биринҷи он байни аҳолӣ ҳамарӯза мавриди истифода қарор мегирад. Соли ҷорӣ кишти шолӣ дар масоҳати беш аз 9-ҳазору 400 гектар гузаронида шудааст. Дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва аҳолӣ дарави он идома дошта, навҳои мухталифи биринҷи хушсифати имсола аллакай дар бозорҳо мавриди фурӯш қарор гирифтааст.